Дар Хатлон вохӯрии роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ бо сарбозону афсарон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти милитсия вохӯрии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва Раиси шаҳри Бохтар бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар доир гардид.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки хизмат дар мақомоти милитсия шарафи олӣ буда, аз кормандони милитсия далериву ҷасурӣ, ҷавонмардӣ ва самимияту садоқат талаб менамояд. Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи мамлакат, тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта мешавад.
Роҳбарияти олии мамлакат, пеш аз ҳама, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини мақомоти милитсия бо тамоми шароити зарурии хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити моддиву маишии сарбозону афсарон пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, раисони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кушониён зимни суҳбат бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ оид ба хизматҳои арзандаи кормандони мақомоти милитсия баҳри таъмини сулҳу амнияти мамлакат ва ҷоннисориҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан сухан гуфтанд.
АКС: Вазорати корҳои дохилӣ








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






