Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ давлатдории миллии тоҷикон эҳё гардид

Ноябрь 16, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамчун рӯйдоди беназири сиёсию иҷтимоӣ сиккаи зари холисро мемонад, ки дар як тарафи он анбӯҳи пурсишҳои ҳалталаб ва дар тарафи дигари он дурнамои посухҳои умедбахш ҳаккокӣ шуда буд. Андаруни рӯйхати ҳамин пурсишҳо дарёфти сохти давлатдории навин дар мамлакати мо ба гунае барҷаста бозгӯ гардид.

Дар оғози Истиқлолияти давлатӣ баробари мақомоти мавҷудаи сиёсӣ боз ду раванди асосии қудратхоҳ рӯи кор омад, ки мавқеъгирии онҳо бар пояи пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ ва динӣ омезиши шадиди меъёрҳои демократию теократӣ ва дунявию ухравӣ дошт. Ин қувваҳои нави сиёсӣ саъю талош менамуданд, ки андешаҳои худро талқин намуда, пешоҳангиро дар масъалаи муайян намудани сохти давлатдории ҷумҳурӣ тасарруф намоянд. Илова бар ин, эълони истиқлолият вазъияти сиёсиро мураккаб гардонида, беқонунию бенизомӣ ва буҳрони идоракунии давлатиро ба вуҷуд овард. Ин ҳолат ба беқурб шудани қонунҳои пештар амалкунанда ва ҳанӯз таҳия нагардидани қонунҳои нав пайванди ногусастанӣ дошт. Муяссар нагаштани қабули саривақтии Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ҷумҳурии моро дар солҳои 1990-92 ба вазъияти мамлакатҳои ҷангзада сахт монанд намуда буд. Вазъи пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ҳам барои баргузор намудани ҳар гуна чорабинӣ созгор набуд.

Аз ин рӯ, даъват ва баргузории иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд оғози таҳаввулот ва гардиши куллӣ дар сарнавишти давлати ҷавони Тоҷикистон гардид. Ин иҷлосия мебоист ба ду масъала ҷавоби сазовор ва боэътимод медод: якум, оё вазъи ногувори сиёсию иҷтимоӣ, ҷангҳои бародаркушии дохилӣ, ба гурӯҳҳо тақсим намудани мардум ва равандҳои ҷудоихоҳӣ идома меёбад ё ба он хотима дода мешавад; дуюм, шакли давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ чӣ гуна хоҳад буд?

Дар посухи ҳамин ду масъалаи печида Сарвари анҷумани раҳоибахши Шурои Олӣ бо таъбири «Ман ба шумо сулҳ меорам» ҳамаро ҳушёру бедор намуд. Аҳли толор ҳамин суханонро ончунон пазируфтанд, ки гӯё пештар ҳаргиз онро нашунида буданд. Як муждаи тозае танинандоз шуд, ки онро дар фалсафаи ирфонӣ вуқуфи малакутӣ ва дар урфи мардумӣ нишасти бози давлат мегӯянд. Ин падида дурахши шахсияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм намуда буд, ки бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии ҳамин фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст таҳаққуқ пазирад. Сарвари ҷавони тоҷикон дар баробари нияти сулҳоварӣ 19 ноябри соли 1992 ҷасурона изҳор доштанд, ки роҳи минбаъда ва сохти давлатдории ояндаи Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Ва бо ҳамин мавқеи устувор тақдири давлатдории навинро аз нигоҳи назарияи сиёсӣ поягузорӣ намуданд, ки он гарави саодати миллати тоҷик ва шукуфоии Тоҷикистон гардид.

Маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз се марҳалаи муҳимми рушди ҷумҳурии мо – оғози берун омадан аз буҳрони амиқи сиёсию идеологӣ, расидан ба сулҳи пойдору ваҳдати миллӣ ва пазируфтани фарҳанги созандагию бунёдкориро ҳамчун кафили бақои сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт зина ба зина муҳайё сохт. Вазъи печида ва буҳронии ҳамон солҳоро Пешвои миллат ба муносибати сиюмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ёдовар шуда, чунин баён доштанд: «Давраи аввали соҳибистиқлолӣ ба замоне рост омад, ки қувваҳои исломгарои радикалӣ ҷунбишҳои навзуҳури демократиро таҳти нуфузи худ қарор дода буданд. Ин қувваҳо манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҳизбии худро аз манфиатҳои миллӣ боло гузошта, дар асл ба василаи амалигардонии ҳадафи ниҳонии ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом, яъне бо дастгириву маблағгузории хоҷагони хориҷӣ дар Тоҷикистон барпо кардани давлати исломӣ табдил ёфта буданд. Дар робита ба ин, як нуктаи муҳимми дигарро низ хотиррасон бояд намуд, ки роҳбарони аввали ҷумҳурӣ, мақомоти он ва сарварону кормандони сохторҳои ҳизби ҳокими вақт натавонистанд вазъи баамаломадаро дуруст дарк карда, сари вақт тадбирҳои пешгирикунанда андешанд ва аз неруҳои солими ҷомеа истифода баранд».

Бояд гуфт, ки Иҷлосияи таърихӣ дар давраи мураккабтарини авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат – беҳокимиятӣ, сохторҳои фалаҷшудаи идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, поймол шудани Конститутсия, набудани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла кафолати зиндагӣ ба ҳаёт, маҷбуран тарк намудани манзилу макони зист ва гуреза шудани миллионҳо нафар ҳамватанони мо баргузор гардид. Баъди интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон масъулияти сангини таърихӣ – гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, қатъи ҷанг, таъмин намудани сарҷамъии миллат, яъне пешгирӣ намудани хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид гардидани давлати тоза ба истиқлол расидаи тоҷикон ва пароканда шудани миллати тоҷикро ба зиммаи худ гирифтанд.

Воқеан, дар ҳамин иҷлосия роҳбарияти нав интихобшудаи давлату Ҳукумат 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул намуданд, ки ҳамчун санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳамон лаҳза мисли обу ҳаво барои бақои миллат зарур буданд ва умеде барои расидан ба сулҳу субот ва сарҷамъ намудани мардуми мамлакат пайдо шуд. Ҳуҷҷатҳои муҳимми дар он рӯзҳо қабулшуда якбора имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро ба ваҷҳи писандида тағйир доданд. Гардиши куллӣ ҷиҳати интихоби роҳи давлатдории дунявӣ дар Тоҷикистон ҳамзамон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён овард. Дар он давраи ноором ҳамзамон ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ тасдиқ гардид ва ба кори худ шуруъ намуд. Дар ин раванд яке аз масъалаҳои муҳимме, ки қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бояд ба он посухи муътабари ҳуқуқӣ медод, мавзуи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин дар шароити рушди мустақилонаи давлати ҷавони тоҷикон буд. Номуайянӣ дар фаҳмиши ин масъала бархӯрди манфиатҳо ва тақвият ёфтани таассуби диниро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ буҳронӣ нигаҳ дошта метавонист, ки сабаби суиистифодаи неруҳои таъсиргузори беруна мешуданд. Хушбахтона, дар матни моддаҳои 1,8, 26, 30 Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ заминаҳои меъёрию ҳуқуқии таҳияи қонунҳои вобаста ба ин самти фаъолияти шаҳрвандӣ поягузорӣ гардид.

Рушди минбаъдаи ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ нишон дод, ки роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дар фаъолияти худ таъмини принсипҳои усулии дар моддаи 1-уми Конститутсия баёншударо дар матни тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба хусус дар самти сиёсати давлатӣ дар бахши дин пайгирона татбиқ намуд. Ҳамин буд, ки бо гузашти айём Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» 26 марти соли 2009 қабул гардид, дар масъалаи озодии виҷдон баёни возеҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистиро дар пешгуфтори худ ғунҷоиш дод ва дар муайян намудани ҳудуди муваффақонаи арзишҳои миллӣ ва динӣ нақши мондагор гузошт. Ва ба қавли маъруф, мӯйро аз хамир моҳирона ва эҳтиёткорона ҷудо кард. Дар пешгуфтори ин қонун баёни возеҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ чунин дарҷ гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул мешавад».

Ҳамин марҳилаи тайшударо давраи эҳёи сиёсиву маънавии миллати куҳанбунёд ва давлатдории навини тоҷикон номидан мумкин аст. Давоми бештар аз сӣ сол дар Тоҷикистон фазои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва ташаккули созандаи мафкураву ҷаҳонбинии мардум фароҳам омад, раванди созандагию ободонӣ густариш ёфт, манфиатҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ ҳимоя гардиданд, забон ва таърихи тоҷикон дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонӣ шуд, арзишҳои волои маънавӣ бар хурофот боло гирифт.

Раванди ҷусторҳои асолати давлатдории миллӣ андаруни мероси маънавӣ буд, ки дар ҷомеаи шаҳрвандии мо ноогоҳӣ аз таъриху фарҳанги гузашта, бегонапарастӣ ва таассуб тадриҷан заиф гардида, ойини ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тақвияти бесобиқа пайдо кард. Ҳамин дигаргуниҳои хушоянд боис гардиданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи арзандаи худро дар раддаи давлатҳои мутамаддин пайдо намояд ва парчами он дар пештоқи созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ парафшонӣ кунад. Имрӯз забони шевои тоҷикӣ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз сулҳу дӯстӣ ва ҳадафҳои ҳамкорию ҳамдилии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик аз забони Сарвари сулҳофараш ҳикоят менамояд. Ва боз имрӯзу ҳар рӯз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллати тоҷикон дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ мавриди пуштибонӣ, ҳамовозӣ ва қабули барномаҳои вежа ҷиҳати татбиқи онҳо қарор мегиранд.

Сазовори гуфтан аст, ки маҳз иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонати Президенти Тоҷикистон ва пазируфтории мардум бақои давлатдории дунявиро дар ҷумҳурӣ устувор намуд ва амалӣ намудани ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таъмини мудирияти комили амудию уфуқӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, ҳимояи марзу буми Ватан тавассути таъсиси Артиши миллӣ, эълони ҳадафҳои стратегӣ ва дар маҷмуъ, зина ба зина беҳтар шудани некӯаҳволии мардумро имконпазир гардонид. Гузашти беш аз сӣ соли сипаришуда ва баҳраи таҷрибаи рӯзгор бо тамоми тазодҳои ҳусну қубҳ, сабукию мушкилӣ, осонию вазнинӣ, дастоварду нокомӣ, фаҳмидану нофаҳмиданҳо, роҳёбию гумроҳӣ, худшиносию бехудӣ, садоқату хиёнат, имондорию куфрпешагӣ, умеду навмедиҳо ва сулҳу ҷанг хостанҳо собит намуд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо шаъну шарафи безавол шиори «Тоҷикистон ба пеш»-ро мақсаду мароми худ ихтиёр намуда, зери сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон раванди мукаммали фарҳанги ободонию созандагиро андаруни эҳёи давлатдории навини тоҷикон рӯйи кор овард. Ҳамин платформаи давлатдории санҷидашуда ва мутавозин дар фазои сиёсии мо бархӯрди сахти ҷаҳонбинии дунявӣ ва ухравиро бартараф намуда, барои ташаккули давлати дунявии усулан ва моҳиятан миллӣ пойдевори матин гузошт. Аз ин ҷост, ки дар тамоми суханронӣ, вохӯрию мулоқот ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият эътиборан аз минбари Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ояндаи дурахшони миллати тоҷик бо исрор таъкид мешавад.

Дар шароити кунунӣ навгониҳо ва тарҳи нав дарандохтани инфрасохтори ҷамъиятӣ ва иқтисодиёти Тоҷикистон ташаббусҳои тоза ба оғӯш гирифтани дӯстони ҳамзабон ва шарикони ҳаммаромро рӯйи кор овард ва ҷойгоҳи устувореро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи он барои мамлакати мо ҳамвор намуд. Ин дастовардҳои беназир ва дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гарави таъмини сулҳу субот, истиқрору оромӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони биҳиштосо хоҳанд буд.

 

Файзулло БАРОТЗОДА,
раиси Комиссия оид ба одоби вакилони
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви фраксияи ҲХДТ

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 16, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад