Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд

Ноябрь 23, 2023 18:03

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи арзёбии пешакӣ, дар Муғулистон 22 воҳиди маъмурӣ – ҳудудӣ дар 10 вилоят метавонанд аз зимистони сард ва ё нарасидани хӯроки чорво зарар бинанд, вазъият дар 26 воҳиди маъмурию ҳудудӣ дар 8 вилоят ба қашшоқӣ наздик мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи чоршанбе Сарраёсати ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон хабар додааст.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, сардиҳои шадид ба зудӣ қисми зиёди қаламрави давлатро фаро мегиранд. Ҳарорати ҳаво дар баъзе мавзеъҳо то 30-35 дараҷа паст мешавад.

Бо назардошти ин раёсат бори дигар шаҳрвандон, алалхусус кӯчманчиёни чорводори муғулро аз зарурати андешидани тадбирҳои эҳтиётӣ ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳо огоҳ намуд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 23, 2023 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд