Дар ноҳияи Айнӣ маҷмааи хизматрасонии «Ориёсаро-Ромишкадаи Умари Шариф» ба истифода дода шуд

Ноябрь 18, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Дарғи деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ маҷмааи хизматрасонии «Ориёсаро-Ромишкадаи Умари Шариф» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Иншоот дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон Шарифовхо  бунёд гардида, маҷмааи хизматрасонӣ аз ду қисм ва се ошёна иборат мебошад.

Қисмати якуми маҷмаа барои кошонаи ҳусн, ҳаммом ва коргоҳи дӯзандагӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисмати дигари маҷмаа толори барҳаво барои баргузории тӯю маъракаҳо, мағоза ва дар ошёнаи сеюми бино меҳмонхона бо 6 ҳуҷра барои қабули 14 нафар дар як вақт бунёд шудааст.

Бунёди меҳмонхонаи замонавӣ дар дурдасттарин деҳаи ноҳияи Айнӣ бо шароити муосир ва мутобиқ ба талабот имкон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ рушд ёбад ва сайёҳону меҳмонон бештар ба ин минтақаи саёҳатии Тоҷикистони биҳиштосо оянд. Дар баробари бунёди чунин инфарсохтори соҳа ба масъалаи омода намудани мутахассисони забондон ҷиҳати муаррифии зарфияти соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳ равона шудааст.

Дар натиҷаи ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии «Ориёсаро-Ромишкадаи Умари Шариф» дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ 40 сокини деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Ноябрь 18, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд