Дар номинатсияи «Беҳтарин ноҳия» Данғара сазовори ҷойи дуюм гардид

Ноябрь 4, 2023 11:45

ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  3 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023» баргузор шуд, ки дар он ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин ноҳия» сазовори ҷойи дуюм гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Ғолибон дар номинатсияҳои хонаи беҳтарин, маҳаллаи аҳолинишини беҳтарин, деҳаи беҳтарин, беҳтарин деҳот, шаҳраки беҳтарин, ноҳияи беҳтарин ва шаҳри беҳтарин  бо  диплому мукофоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 4, 2023 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст