Дар Нуробод 8 комиссияи доимоамалкунанда ҷиҳати риояи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад

Ноябрь 12, 2023 10:10

ДУШАНБЕ, 12.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми нуҳ моҳи соли равон дар ноҳияи Нуробод 10 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад. Қонунвайронкунандагон ба маблағи 74 360 сомонӣ ҷарима шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар медиҳад.

Тибқи иттилои масъулин, давоми нуҳ моҳи соли равон дар ноҳия 533 маърака ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 43-то кам мебошад. Хароҷоти умумӣ дар онҳо 1 миллиону 689 ҳазору 600 сомониро ташкил дод, ки ба ҳар як маърака 3 ҳазору 170 сомонӣ рост меояд.

Дар ноҳияи Нуробод риояи иҷрои талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери назорати ҷиддӣ қарор дошта, дар ин замина маъракаҳо камхарҷ гузаронда шуда, маблағҳои сарфашуда баҳри беҳтарсозии шароити зисти хонаводаҳо масраф гардида истодаанд.

Бо мақсади риояи қонуни мазкур дар ноҳия 8 комиссияи доимоамалкунанда ва 18 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар нуҳ моҳи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 501 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳолат (ҳамин давраи соли гузашта 480 ҳолат) зиёд мебошад.

Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор намудани қонуншиканиҳо дар вилоятҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин аст: шаҳри Душанбе 45 (ҳамин давраи соли гузашта 36) ҳолат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 (ҳамин давраи соли гузашта 9) ҳолат, вилояти Суғд 150 (ҳамин давраи соли гузашта 146) ҳолат, вилояти Хатлон 166 (ҳамин давраи соли гузашта 189) ҳолат ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 135 (ҳамин давраи соли гузашта 100) ҳолат.

Дар ҷумҳурӣ бо мақсади таблиғу ташвиқ, фаҳмондадиҳии моҳияти Қонуни мазкур ва риояи талаботи он дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим 1103 семинару машварат ва мизҳои мудаввар доир карда шуд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 30, вилояти Суғд 416, вилояти Хатлон 529, шаҳри Душанбе 1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 127 чорабиниҳои мазкур баргузор гардиданд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 12, 2023 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд