Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии тақсимоти ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона ҷаласа баргузор шуд

Ноябрь 24, 2023 16:58

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар мавриди истифодаи самараноку оқилонаи замин, аз ҷумла заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, фонди давлатии об, нақлиёт ва алоқа, пешгирии ҳодисаҳои ғайриқонунӣ додан ва вобаста намудани замин ҷаласа доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа Вазири кишоварзӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробар, сардорони раёсату шуъбаҳои тафтишотию оперативии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои иштирок намуданд.

Дар ҷаласа пешгирии ҳодисаҳои ғайриқонунӣ додан ва вобаста намудани замин, ғасби он ва сохтмонҳои худсарона дар ин гурӯҳҳои замин давоми солҳои 2020-2022 ва 6 моҳи соли 2023, инчунин ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ намудан ва кушодани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар давраи соли 2022 ва 9 моҳи соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ шарти асосии рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат маҳсуб шуда, он ба истифодаи мақсадноки замин вобастагии зич дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи замин мудом дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.


Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои таъсиррасонии прокурорӣ вазъи истифодаи замин дар ҷумҳурӣ беҳтар гардидааст. Вале ҳанӯз ҳам дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, шаҳрвандон ва дигар заминистифодабарандагон қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Дар давраи таҳлилӣ прокуророн баҳри бартараф намудани ин қонунвайронкуниҳо ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр, 4149 пешниҳод ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз оварда, 3864 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ,  16716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 3696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва майдони  49151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис таъкид гардид, ки дар давраи таҳлилӣ мақомоти амаликунандаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини сулҳу субот, амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд. Ин аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи таҳлилӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ паст гардида, дар 9 моҳи соли 2023 ҳамагӣ 1637  ё 4,3% ҷиноят кам ба қайд гирифта шудааст.

Дар анҷоми маҷлис Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон ба масъулини соҳаи замин, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокурорҳо ҷиҳати  бартараф намудани камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар ин самтҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2023 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои ИДМ баргузор гардид
БОВАРӢ БА ФОЛБИНУ СОҲИР МЕТАВОНАД БА АҚЛ ВА ФИКРИ ИНСОН ЗАРАР РАСОНАД. Ва ё чаро одамон ба фолбинҳо бовар мекунанд?
ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲРО РИОЯ НАМОЕД! Бо иштироки мототсикл ва скутер 140 ҳодисаи роҳу нақлиёт сабт гардидааст
Ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
Ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии хизмати ҳарбӣ доир шуд
Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар тамринҳои байналмилалии ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар Британияи Кабир иштирок намуданд
Gallup: Тоҷикистон аз ҷиҳати амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи якум қарор гирифт
Тоҷикистон ба даҳгонаи давлатҳои амнтарини ҷаҳон шомил шуд
Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии амнияти ҷамъиятӣ иштирок намуд
Шурои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулода масоили бартарафсозии офатҳои табииро баррасӣ намуд
Дар Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» оғоз шуд