Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок лағзиши кӯҳпора ба амал омад

Ноябрь 23, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар километри 119-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок лағзиши кӯҳпора ба амал омад, ки дар натиҷа 50 метр роҳ осеби ҷиддӣ дид. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Техникаву механизмҳои намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Зарафшон фавран ба маҳалли гуфташуда ҷалб гардида, дар муддати кӯтоҳ ҳаракати яксамтаи нақлиёт имконпазир гардид.

Бо супориши роҳбарият мутахассисони филиали ширкат барои зудтар таъмир намудани ин қитъа тадбир меандешанд.

Баробари расидани  иттилои нав оид ба вазъи ин роҳ маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.

АКС: маркази матбуоти ширкати IRS

Ноябрь 23, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад