Дар Сеул густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Институти ҷаҳонии рушди сабз баррасӣ гардид

Ноябрь 18, 2023 14:27

ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ вохӯрии ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) барои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Ҳадафи асосии мулоқот аз густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар Кореяи Ҷанубӣ доир ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим иборат буд.

Ҷонибҳо дар мавзуъҳои мухталифи марбут ба амалиёти иқлим муколамаи созанда анҷом доданд. Пеш аз ҳама, онҳо густариши ҳамкории Тоҷикистон ва  Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI)-ро бахусус дар заминаи энергияи таҷдидшаванда ва рушди устувор баррасӣ намуданд. Аҳамияти ҳамкории минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим бо назардошти хусусияти фаромарзии мушкилоти экологӣ махсус таъкид шуд.

Намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз — GGGI доир ба пайравии Тоҷикистон ба уҳдадориҳои хеш дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва фаъолияти густурдаи мамлакат дар ҳифзи муҳити зист изҳори назар намуданд. Ҷониби Институти ҷаҳонии рушди сабз — GGGI омодагиҳоро барои ҳамкории минбаъда бо Тоҷикистон, расонидани кумаки техникӣ, табодули дониш ва тақвияти тавонмандӣ ба Тоҷикистон тасдиқ намуда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ояндаи наздик дар бахши рушди устувори иқлими сабз яке аз пешқадамони минтақа мегардад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2023 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад