Дар Сеул густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Институти ҷаҳонии рушди сабз баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ вохӯрии ҳайати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) барои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳадафи асосии мулоқот аз густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар Кореяи Ҷанубӣ доир ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим иборат буд.
Ҷонибҳо дар мавзуъҳои мухталифи марбут ба амалиёти иқлим муколамаи созанда анҷом доданд. Пеш аз ҳама, онҳо густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI)-ро бахусус дар заминаи энергияи таҷдидшаванда ва рушди устувор баррасӣ намуданд. Аҳамияти ҳамкории минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим бо назардошти хусусияти фаромарзии мушкилоти экологӣ махсус таъкид шуд.
Намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз — GGGI доир ба пайравии Тоҷикистон ба уҳдадориҳои хеш дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва фаъолияти густурдаи мамлакат дар ҳифзи муҳити зист изҳори назар намуданд. Ҷониби Институти ҷаҳонии рушди сабз — GGGI омодагиҳоро барои ҳамкории минбаъда бо Тоҷикистон, расонидани кумаки техникӣ, табодули дониш ва тақвияти тавонмандӣ ба Тоҷикистон тасдиқ намуда, бо боварӣ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ояндаи наздик дар бахши рушди устувори иқлими сабз яке аз пешқадамони минтақа мегардад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






