Дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон роҳпаймоӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона доир шуд, ки дар он кормандони бахшу сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷавонони фаъол ва сокинони шаҳр иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Таъкид гардид, ки ин ҷашн ифодакунандаи нахустин рӯзи тақдирсози муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи муҳими нави давлатӣ аст. Яъне, тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намуд.
Бояд гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва ба Ватан таҷлил менамоянд. Хизматҳои шоиставу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии тоҷик, барқарор намудани ҳокимияти сиёсии давлатӣ, Истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ хеле бузург мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода


















МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






