Дар вилояти Суғд дурнамои ҳамкорӣ бо Фаронса баррасӣ шуд

Ноябрь 11, 2023 17:44

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл мулоқот намуда, таваҷҷуҳи дипломати фаронсавиро  ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ҷалб намуда, доир ба имконияти фаровони вилоят маълумот дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон ҷонибҳо дар​ бахшҳои гуногун ҳамкории судманд доранд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф робитаҳои ду давлат дар сатҳи баланд қарор дошта, дар шаҳри Хуҷанд низ ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳангии Фаронса»​ фаъолият мебарад. Ҳамзамон муассисаҳои таҳсилотии олии вилоят бо якчанд  донишгоҳҳои Фаронса ҳамкорӣ менамоянд.

Тазаккур дода шуд, ки дар вилояти Суғд соҳаҳои саноату кишоварзӣ рушд намуда, барои ташкили корхонаҳои муштарак ва боғу токзор ва гармхонаҳои инноватсионӣ имконият зиёд аст. Тарафҳо метавонанд барои ҷалби сармоя ва коркарду содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон тарҳҳои муфидро амалӣ созанд.​ ​

Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои​ энергетика, металлургия, саноати сабук, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва сайёҳӣ муҳим шуморида шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинёл бо изҳори сипос аз истиқболи самимӣ омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ таъкид намуд.

Ӯ ҳамзамон илова намуд, ки барои вусъат бахшидани фаъолияти дуҷониба​ ташкили вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Фаронса муҳим буда, дар ин ҷода тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 11, 2023 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд