«ЭКСПО 2023- СОҲИБКОРИИ ЗАНОН». Корхонаи воҳиди давлатии « Амонатбонк» маҳсулот ва хизматрасонии худро ба намоиш гузошт
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр бахшида ба Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор ҳамоиши «Экспо 2023- соҳибкории занон: шарикӣ ва имконияти рушд» баргузор гардид, ки дар он Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк» маҳсулот ва хизматрасонии худро ба намоиш гузошта, оид ба қарзҳои имтиёзнок, ки ба дастгирии занону духтарони соҳибкор равона гардидаанд, маълумот пешниҳод намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк» хабар медиҳад.
Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш молу маҳсулот ва хизматрасонии занони соҳибкор ва ташкилоти қарзии мамлакат ба намоиш гузошта шуд. Дар қисмати дигари ҳамоиш занону духтарони соҳибкор, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоти қарзӣ бо рӯнамо баромад намуданд.
Иброз гардид, ки саҳми соҳибкорон, аз ҷумла занони соҳибкор дар рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина мусоидат ба зиндагии арзанда, ки ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат аст, хело назаррас мебошад.
Муовини Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк» низ бо рӯнамо дар мавзуи «Нақши «Амонатбонк» дар беҳтар намудани дастрасии занон ба қарзҳо» сухан гуфт.


Мавсуф иброз дошт, ки мояи ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба баланд бардоштани мақоми зани тоҷик тадбирҳои муассир андешида шуданд. Дар партави ин сиёсат занони ҷумҳурӣ дар ҳама соҳаҳо фаъолияти пурсамар доранд.
Ин аст, ки занони соҳибкор дар корҳои созандагӣ, ободонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содиротнигаронида дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм гузошта, бо бонкҳо ҳамкорӣ менамоянд.
«Амонатбонк» дар маҷмуъ дар давраҳои ҳисоботии солҳои 2022-2023 шумораи 9 987 нафар занони соҳибкорро бо пешниҳоди маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 189 миллион сомонӣ дастгирӣ намуд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳаҷми қарзҳои додаи «Амонатбонк» баҳри дастгирии занони соҳибкори мамлакат дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли 2022 1,8 маротиба афзоиш ёфта, ин раванд дар оянда низ ҳамчун ҳадафи асосӣ дар фаъолияти Бонк қарор мегирад.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк»











«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид






