ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРӢ – БАҲРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Таҳти чунин унвон дар Душанбе машварат доир гардид

Ноябрь 11, 2023 17:11

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи машварат ҷиҳати тақвияти фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фаъолияти волонтёрӣ – баҳри ояндаи дурахшон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш оид ба фаъолияти волонтёрӣ ва манфиатҳои ин навъи фаъолият баҳри ватану миллат изҳори андеша намуда, саҳми волонтёронро дар амалӣ намудани иқдоми созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ва корҳои созандагиву бунёдӣ, расонидани ёрии ҷамъиятӣ, анҷом додани корҳои хайриявию ризокорӣ ва иштироки фаъолона дар барномаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуд.

«Имрӯз мафҳуми волонтёрӣ ва муҳим будани хизмати онҳо дар ҷомеа аллакай дарк гардидааст. Ҳамарӯза ҷавонони зиёде ҳам дар пойтахти мамлакат ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳо хоҳиш  доранд, ки дар ин мактаб тарбия ёфта, ба камол расанд, вақту дониш ва имконияти  худро  ба фоидаи ҷомеа сарф намоянд»,-гуфт Раиси Кумита.

Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории ҳамоиш ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти волонтёрӣ мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2023 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд