ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. Пайкараи ин чорвои зотӣ дар ватани аслияш гузошта шуд
ҲИСОР, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар яке аз минтақаҳои таърихии Роҳи бузурги абрешим маросими пардабардорӣ аз рӯи пайкараи рамзии “Гӯсфанди ҳисорӣ”, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор амалӣ гардид, доир шуд. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мероси зиёди моддиву фарҳангии халқи тоҷик ба феҳристи созмонҳои ҷаҳонию байналмилалӣ ворид шудааст. Гӯсфанди зоти ҳисорӣ низ аз ин ҷумла мебошад, ки дар идоракунии захира ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли равон дар шаҳри Ҳисор дар мавзуи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ: ҳолат ва дурнамо» машварат доир шуд, ки зимни он олимону мутахассисон андешаҳои хешро доир ба ин навъи гӯсфанд ва афзоиш додани саршумори он баён доштанд.
Ҳамчунин 28 июли имсол дар Китобхонаи миллӣ ва 29 июл дар ноҳияи Варзоб бо иштироки олимони сатҳи байналмилалӣ дар мавзуи “Селексия ва такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Ғояи гузоштани рамзи «Гӯсфанди ҳисорӣ» дар ҳудуди ватани аслиаш — водии Ҳисор зимни андешаронии олимон тавлид шуд.
Барои сокинони шаҳри Ҳисор мояи ифтихор аст, ки пайкараи гӯсфанди ҳисорӣ, ки дар асрҳои 6-уми мелодӣ бо усули селексияи халқӣ дар ҳамин сарзамин офарида шудааст, дар маркази ин водӣ гузошта шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






