Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад

Ноябрь 7, 2023 08:47

ДУШАНБЕ, 07.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳими бахши аграрии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас дорад. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 626 ҳазору 973 ҳазор сар чорвои калон, 6 миллиону 622 ҳазору 422 сар гӯсфанду буз ва 87 ҳазор сар асп мавҷуд буда, дар ин давра 202187,8 тонна гӯшт истеҳсол шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Яке аз намудҳои чорвое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш ёфтаву дар ҷаҳон номдор аст, ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Гӯсфанди зоти ҳисорӣ тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур рафта мерасад. Гӯсфанди ҳисорӣ — зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш намуда, пайдоиш ва парваришаш аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад.

Тавре зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Сафаралӣ Наботов баён дошт, нақши гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар такмилдиҳии маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор ва офаридани зотҳои нав дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон хеле калон буда, бо истифодаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон зоти гӯсфандони тоҷикии сергӯшту равған ва серпашми тоҷикӣ, дар Қазоқистон зотҳои думбадори «ордабасинӣ», ниммаҳинпашми «актюбинӣ», дар Узбекистон зоти сергушту равған ва серпашми «устюртӣ», инчунин зотҳои думбадори «келесӣ» ва «андиҷонӣ» офарида шудаанд.

Номи зоти гӯсфандони ҳисорӣ аз рӯи минтақаи парвариши онҳо, яъне водии Ҳисори Тоҷикистон гирифта шудааст. Ҳанӯз соли 1298 сайёҳи машҳур Марко Поло зоти гӯсфандони ҳисориро дар қаламрави ҳамин мавзеъ вохӯрда, таасуроти худро оид ба ин гӯсфандон дар китоби худ чунин сабт намудааст: «Гӯсфанд аз рӯи ҷусса ба монанди маркаб, дорои думбаи ғафсу калон бо вазни 30 фунт. Гӯсфандони фарбеҳи рағанӣ, дорои гӯшти болаззат».

Сафаралӣ Наботов изҳор медорад, ки дар самти такмил додани хусусияти ирсию маҳсулнокии зоти гӯсфандони ҳисорӣ олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварии Институти илмию таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон, ки соли 1931 ҳамчун аввалин стансияи илмию таҷрибавии ҷумҳурӣ оид ба соҳаи чорводорӣ таъсис ёфта буд, корҳои илмию селексиониро оғоз намудаанд, ки то имрӯз бомаром идома меёбад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар айни замон саршумори зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон беш аз 1, 7 млн сарро ташкил дода, дар Тоҷикистон дар 7 корхона ва хоҷагиҳои зотпарварӣ парвариш карда мешаванд.

«Бо шарофати вазни зиндаи калонтарин дар арсаи ҷаҳон минтақаи парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Тайи солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин ба Федератсияи Русия, Украина ва Беларус интиқол дода шуда,
дар ин кишварҳо низ парвариш карда мешаванд»,-изҳор медорад ҳамсуҳбати мо.

Ҳоло саршумори беҳтарин гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар корхонаҳои зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, КВД «Зотпарвар»-и Ҳисор ва Шаҳринав, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, кооперативи истеҳсолии «Дилшод-Б»-и ноҳияи Варзоб ва дигар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Ин хоҷагиҳо дар парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони хушзоту баландмаҳсул нақши асосӣ доранд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи таҳқиқоти илмии бисёрсолаи олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорон дар корхонаи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор навъи «фархорӣ»-и ин зот офарида шудааст.

Дар айни замон дар ду хоҷагии зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияии илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони хоҷагиҳои зотпарварӣ корҳои илмию селексионӣ оид ба офаридани навъи нави он бо номи «Шаҳринавӣ» ба анҷом расонида шуд. Соли 2022 аз тарафи комиссияи давлатӣ ба ин навъи нави гӯсфандони зоти ҳисорӣ баҳои мусбат гузошта шуда, барои тасдиқи расмии давлатӣ ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. 15 апрели соли равон навъи «Шаҳринавӣ»-и гӯсфандони зоти ҳисорӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман тасдиқ шуд. Саршумори селексионии навъи нав офаридашуда бо нишондиҳандаҳои зерини маҳсулнокӣ шарҳ дода мешаванд: вазни зиндаи барачаҳои навзод 5,5-7,5 кг, қӯшқорҳои наслдеҳ 135-145 кг, дар беҳтаринҳо то 175 кг, мешҳо-85-90 кг, дар беҳтаринҳо то 135 кг. Гӯсфандони ин тип дар баробари вазни зиндаи баланд инчунин дорои маҳсулнокии пашм низ мебошанд.

Ба гуфтаи Сафаралӣ Наботов, мактаби илмии гӯсфандпарварони Тоҷикистон дар ҳудуди минтақа ҳанӯз аз соли 1947 раҳнамою пешбари ин соҳаи муҳим ба ҳисоб меравад. «Тавассути меҳнати тӯлонии олимон ва таҳқиқоти илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 рисолаи докторию номзадӣ дифоъ гардиданд. Афзоиши саршумори гӯсфандони зоти ҳисорӣ имконият фароҳам меоварад, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гӯшт зиёд гардида, дар таъминоти амнияти бехатарии озуқаворӣ саҳми босазо гузошта шавад»,-афзуд ӯ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 7, 2023 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҒУН»-ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Бо бунёди пурраи он Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодӣ бештар муваффақ мегардад
ПАЙВАНДИ ИЛМ ВА АМАЛ. Дар Шаҳринав вобаста ба кишти донаку тухмии дарахтон машварат доир гардид
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 11 ҳазор гектар кишти зироати барвақтӣ гузаронида шудааст
Дар Коллеҷи кӯҳии Душанбе вобаста ба аҳамият ва татбиқи иқтисоди «сабз» ҳамоиш доир гардид
Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст
Гузариши «сабз» шарти асосии эҳёи иқтисодиёти Тоҷикистон ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим аст
Дар Тоҷикистон намояндагии Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи Олмон «BVMW» ифтитоҳ мегардад
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КРАНҲОИ БОРБАРДОРИ ТОҶИКИСТОН. Он бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надорад
«ШАҲРИ САБЗ». Дар Душанбе микроавтобусҳои барқӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Остона Конфронси вазирони кишварҳои аъзои Барномаи CAREC баргузор шуд
Дар Женева татбиқи ҳадафҳои лоиҳаи АСИКУДА баррасӣ гардид