Хонандагони деҳаи Дараи Боҳтури ноҳияи Балҷувон соҳиби мактаби нав шуданд

Ноябрь 13, 2023 14:12

ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Дараи Боҳтури Ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ба истифода дода шуд, ки зимни ифтитоҳи он Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон.

Бояд гуфт, ки то ин муддат хонандагони деҳаи Дараи Боҳтур бинобар надоштани муассисаи таълимӣ таҳсилро дур аз деҳа, дар масофаи то 3 километр дар муассисаи таълимии деҳаи ҳамсоя мегузарониданд.

Раиси вилоят муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 20-ро дар деҳаи Дараи Боҳтури Ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дода, бо синфхонаҳои муассисаи таълимӣ шинос шуд.

Давлаталӣ Саид оид ба ҷараёни омӯзиши фанҳои тадрисшаванада бо омӯзгорон ва хонандагон суҳбат намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, хонандагонро ба азхудкунии илмҳои замонавӣ даъват намуд.

Бинои муассисаи таълимӣ аз 1 ошёна, 8 синфхона, 1 утоқи омӯзгорон ва утоқи директори мактаб иборат буда, дар саҳни он буғхона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шудааст.

Ҳамзамон дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон

 

Ноябрь 13, 2023 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд