Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши сарнавиштсоз гузошт
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик нақши муассир ва сарнавиштсоз гузошт. Ин дастоварди бузург ба шарофати кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.
Чунин ибрози назар намуд Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 ноябр дар Хадамоти иҷро доир шуд.
Сардори Хадамоти иҷро иброз дошт, ки дар иҷлосия бо сарварии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 74 санади меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун қабул гардид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи Парчами давлатӣ» ва дар радифи дигар қонунҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир намудаанд» қабул гаштанд. Ин қонунҳо ба барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳуриамон мусоидат намуданд. Бо ин тадбирҳои амалинамуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузоштанд».
Мояи ифтихори миллати тамаддунофар аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи дунёи сиёсат дар арсаи байналмилалӣ, паёмовари матини сулҳу ваҳдат бо беҳтарин хислатҳои наҷиби инсонӣ, ҳиссиёти баланди миллӣ ҳамчун фарзанди содиқи халқу Ватан сазовори обрӯ ва қадрдонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии дунё гардидаанд. Унвони баланди «Пешвои асри XXI», «Меъмори сулҳ» ва дигар унвонҳои бонуфуз мояи ифтихору сарбаландии Ватани азизи мо ва тоҷикони дунё мебошад.
Мо бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ояндаи пурифтихори Тоҷикистон боварӣ дошта, бо итминони комил гуфта метавонем, ки кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ва рушди қонунгузории ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»






