ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. Дар Душанбе ду таҷҳизот барои коркарди лампаҳои симобдор ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва безараргардонии лампаҳои симобдори истифодашуда ду даста таҷҳизот барои коркарди лампаҳои симобдорро ба истифода додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат.
Таҷҳизот барои бехатар истифода бурдан ва безараргардонии лампаҳои симобдор, ки дорои унсури хатарнок ва заҳрнок мебошанд, пешбинӣ шудааст.
Таҷҳизоти нав якчанд афзалияти асосӣ доранд, аз ҷумла коркарди бехатар ва самараноки 350 лампаи симобдорро дар як рӯз таъмин намуда, ба муҳити зист партофтани моддаҳои хатарнокро кам менамоянд. Ҳамзамон таҷҳизоти сайёр имкон медиҳанд, ки дар объектҳои мухталиф истифода шаванд, ки ин дастрасии онро зиёд менамояд.
Истифодаи технологияҳои пешрафта партовҳои зарароварро аз байн мебарад ва раванди коркардро муносиб намуда, омили муҳими ноил шудан ба мувозинати экологӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмин намудани аҳолии мамлакат бо неруи барқ ва самаранок истифода бурдани он соли 2009 дар Тоҷикистон марҳилаи гузариш аз лампаҳои тафсон ба лампаҳои каммасраф оғоз гардида буд. Истифодаи лампаҳои каммасраф тадбири замонавӣ ва муфиди истифодаи сарфакоронаи неруи барқ гардид, вале дар баробари ин зарурати таъсиси системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди лампаҳои симобдор ба миён омад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ зарар расонад.
Бо ин мақсад соли 2011 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» Қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои истифодашуда аз аҳолӣ таҳия шуд. Аз давраи қабули ин қарор то имрӯз 1765 нуқтаи қабули лампаҳои симобдор ташкил шуда, зиёда аз 2 044 329 адад ҷамъоварӣ шудааст.
Ба кор андохтани ин таҷҳизот ба безарар ва самаранок истифода намудани партови лампаҳои симобдори ҷамъшуда мусоидат менамояд. Ин барои саломатии аҳолӣ ва нигоҳ доштани амнияти экологӣ муҳим мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






