Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик чорабинӣ доир мегардад

Ноябрь 7, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 07.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  7 ноябр — Рӯзи театри тоҷик. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандон, санъаткорон ва ҳамаи мухлисону ҳаводорони санъати театриро ба таҷлили Рӯзи театри тоҷик, ки имрӯз, 7 ноябр,  соати 17:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим  Лоҳутӣ баргузор мегардад, даъват менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар театр намоиши порчаҳо аз спектаклҳои давоми солҳои охир таҳияшуда, бахшҳои консертӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ҳунармандон дар назар аст.

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, бори аввал дар ҳамин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба номи адиб Абулқосим  Лоҳутӣ, ки дар ташкил ва таъсиси театри тоҷик саҳми бузург дорад, гузошта шуд.

Таҷлили Рӯзи театри тоҷик дар айëми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анъанаи нек табдил ëфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, режиссёрҳо, драманависҳо, рассомон, бастакорон тамоми аҳли театри мамлакат ҷамъ омада, оид ба дастоварду комëбиҳои эҷодӣ, бурду бохти соҳа ва нақшаҳои оянда ибрози ақида менамоянд.

Имрӯзҳо театри тоҷик дар ҳоли пешрафт қарор дошта, бо намоишҳои рангоранги худ қалби ҳазорон бинандаро тасхир менамояд. Ҳунармандони тоҷик ҳоло бо барномаҳои ҷолиб на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ ҳаводорони зиëд пайдо намудаанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 7, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд