«Конститутсия-кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 3, 2023 20:32

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати таҷлили 29-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия-кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов зимни ифтитоҳи ҳамоиш иштирокчиёнро бо 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, иброз дошт, ки матни Конститутсияи Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи андешаҳои созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои бебаҳои миллӣ ва дар як вақт бо назардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст. Бузургӣ ва аҳамияти ин санади таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул шуд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки имрӯз аз ҳар фарди худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст, хусусан аз ҳар хизматчии давлатӣ даъват мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ намоянд, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба пешрафти давлати соҳибистиқлол, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созанд. Хушбахтона, хизматчиёни давлатӣ низ аз ин вазифаҳои созанда дар канор набуда, мувофиқ ба талаботи давр фаъолият доранд.


Қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб шуда, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат нақши созгор дорад. Дар Конститутсияи Тоҷикистон диққати асосӣ ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ муқаддас эълон шуда, ба сифати арзиши олӣ шинохта мешавад. Давлат масъул гардидааст, то ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Дар фарҷом собиқадорони хизмати давлатӣ бо мукофотҳои соҳавии Агентии хизматии давлатӣ сарфароз гардиданд.

АКС: Агентии хизматии давлатӣ

Ноябрь 3, 2023 20:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд