«Конститутсияи мамлакат барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдорӣ омили асосӣ гардид», — бардошт аз ҳамоиш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
КӮЛОБ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва кормандону фаъолони соҳаҳои гуногун бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, — иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Ҳанӯз дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат мақсади худро оид ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ катъиян изҳор намуда, масъалаи қабули Конститутсияи навро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи рӯз арзёбӣ намуда буданд.
Таъкид гардид, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ 2 миллиону 535 ҳазору 437 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, мавқеи худро муайян намуданд. Имрӯз Конститутсияи мамлакат барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдорӣ омили асосӣ гардида, дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа нақши асосиро мебозад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






