«Корвони саломатӣ» ташхис ва муолиҷаи ройгони беморонро дар шуъбаҳои Беморхонаи вилоятии Бадахшон идома медиҳад

Ноябрь 11, 2023 11:26

ХОРУҒ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва  расонидани хизмати ройгони тиббӣ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Корвони саломатӣ» дар ҳайати 46 нафар мутахассисон ба шаҳри Хоруғ сафар намуд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар дод, чанд рӯз аст, ки  табибони «Корвони саломатӣ» ба  ташхис, муоина ва муолиҷаву ҷарроҳии гуногуни ройгон машғул мебошанд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корвони саломатӣ» бо ҷалби беҳтарин мутахассисони варзидаи соҳаи тиб, табибони дараҷаи олӣ оид ба соҳаҳои ҷарроҳии асаб, вертибиолог, бемориҳои бачагона, бемориҳои асабу гурда, мутахассисони дилу рагҳои хунгузар, саратоншинос, духтури бемориҳои занон ва чашм дар шаҳри Хоруғ қарор дошта, давоми бештар аз даҳ рӯз ба ниёзмандон бо истифода аз дастгоҳҳои замонавии тиббӣ хизмати ройгон мерасонанд.

Ҳадафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ аз ин тадбир ҳарчӣ бештар коҳиш додани бемориҳои гуногун дар байни аҳолӣ ва бахусус кӯдакону наврасон мебошад.

Модари як кӯдаки маъюб Гулнигор Абдуллоҷонова бо изҳори сипос аз ташаббускорони «Корвони саломатӣ» гуфт, ки «фарзанди ман нуқси модарзодӣ дорад ва чанд сол аст, ки дар маркази «Нур» табобат ва кумаки равоншиносӣ мегирад. Ман тасмим гирифта будам, ки барои идомаи табобат ба  шаҳри Душанбе равам, аммо, хушбахтона, худи табибони варзидаи ҷумҳурӣ ба шаҳри Хоруғ омаданд. Онҳо саломатии кӯдакони моро муоина намуда, ба мо, волидон тавсияҳои судманд медиҳанд. Чунин ташхисҳои ройгон имкон медиҳанд, ки беморон бе ягон саргардонӣ аз муоинаи табибон гузашта, аз саломатии худ ва фарзандонашон бохабар гарданд. Зеро бе ташхису тавсияи дақиқу комил табобат ғайриимкон аст».

Муоинаву  муолиҷаи  беморон  чанд рӯзи дигар  идома  ёфта,  сокинон аз ноҳияҳои дурдаст низ имконият пайдо намуданд, ки  аз хизматрасонии ройгони тиббии «Корвони саломатӣ» баҳравар гарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 11, 2023 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»