Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқ мегардад

Ноябрь 29, 2023 13:29

ДУШАНБЕ, 29.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» татбиқ мегардад. Лоиҳаи мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, ташаккули низоми видеоназоратӣ, бақайдгирии автоматии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, коркарди маълумоти автоматии маълумотҳо оид ба бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таъмини сатҳи баланди бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард, воридоти маблағ ба буҷети давлатӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ин хусус зимни баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 1 ноябри соли равон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни баррасии масъалаи мазкур шарҳ дод, ки барои татбиқи лоиҳаи мазкур сармоягузорӣ дар ҳаҷми то 10 миллион доллар ҷалб гардида, ин амал барои татбиқи «иқтисоди сабз» дар соҳаи нақлиёт, муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи воситаҳои нақлиёти барқӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ замина мегузорад.

«Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур ба доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ва «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2037» мутобиқ мебошад»,-илова кард ў.

Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи банди 3.5 Созишнома барои барқарор кардани хароҷоти маблағгузорӣ, сохтмон, нигоҳубин, истифодабарии мунтазами низом ва гирифтани фоида маблағҳои аз ҳисоби ҷамъоварии ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба воситаи низом ба қайд гирифта шудаанд, ҳаққи хизматрасонии таваққуфгоҳҳои музднок, ҳаққи истифодабарии нуқтаҳои барқдиҳанда, инчунин манбаъҳои дигари имконпазир, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ташаккул меёбанд, ба тариқи зайл: зернизоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҳисоби ҷаримаҳо: Ҳукумат — 50% (панҷоҳ фоиз) ва Сармоягузор — 50% (панҷоҳ фоиз); зернизоми ташкили таваққуфгоҳҳои музднок аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии таваққуфгоҳҳои музднок ва ҷаримаҳо дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои музднок: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе — 50% (панҷоҳ фоиз) ва Сармоягузор — 50% (панҷоҳ фоиз) амалӣ карда мешавад.

Гуфта шуд, ки дар тамоми давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон чунин консорсиумҳои сармоягузорӣ барои рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дошта, мушкилии дар ин самт вуҷуддоштаро бартараф месозад.

Ёдовар мешавем, ки 30 сентября соли 2022 «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул гардид. Ҳаҷми маблағгузории Стратегияи мазкур 21,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳадафи рушди иқтисоди «сабз» мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонавӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои каммасраф мебошад.


Мавриди тазаккур аст, ки коршиносони Ташкилоти СММ оид ба муҳити зист (UNEP) иқтисодиёти «сабз»-ро ба маънои васеаш чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ меҳисобанд, ки «ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад».

Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»- ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои энергиясарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод кардан мумкин аст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 29, 2023 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар аввалин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж иштирок намуд
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барои сайёҳони хориҷӣ телефони боварӣ ташкил гардид
Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар «Саноатсодиротбонк» ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд
Ҳамкории ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ брифинг доир шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил гардид
Марҳилаи муҳими татбиқи Лоиҳаи «Барномаи рушди фарогири деҳот» дар Тоҷикистон ба анҷом расид
Ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байнидоравӣ оид ба таҳияи Нақшаи амали Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» доир шуд
Байни БАТР ва ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Созишномаи грантӣ ба маблағи 2 миллион евро ба имзо расид
Русия дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд
Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳои Бадахшон ва Хатлон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба таъсиси Парки саноатӣ дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расид