МО ЗИЁДЕМУ ТУ ЯКТО, ЗЕРИ ТУ САФ ОВАРЕМ! Давоми 32 сол дар ҷаҳон ба шарафи варзишгарони тоҷик 6263 маротиба Парчами давлатӣ баланд бардошта шудааст
ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ ба шарафи варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ қариб 6263 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шудааст. Чунин иброз дошт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Шарафманд аз онем, ки Пешвои миллат ба ҳар давлате, ки сафар намуда, мулоқот анҷом диҳанд ё варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон низ афрохта мешавад.
Дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи олӣ ва фарҳангии берун аз давлат низ ҳунармандон ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ парчамро парафшон менамоянд. Ҳунармандони машҳури мамлакат меҳру муҳаббати худро нисбат ба Парчами давлатӣ дар шеъру суруд ва таронаҳои худ таҷассум менамоянд, ки нишони арҷгузорӣ ба ин рамзи давлатӣ мебошад», -изҳор дошт ӯ.
Мавсуф иброз дошт, ки мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки Парчами давлатии тоҷикон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон узви онҳо аст, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои давлатамон дар давлатҳои дигар пайваста партавфишонӣ менамояд.
Имрӯз ҷавонону варзишгарони тоҷик бо дастгириву роҳнамоии Пешвои миллат, ба хотири арҷ гузоштан ба муқаддасоти Ватан ва парафшон намудани Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа талошу ташаббусҳои созанда намуда, бо иродаи қавӣ, матонату қаҳрамонии худ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд. Ба хотири варзишгарони мо имрӯз Парчами Тоҷикистон дар байни парчами садҳо давлати ҷаҳон парафшон гардида, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад, ки ин мояи ифтихор ва нишони соҳибистиқлолии миллати тоҷик мебошад.
«Қарзи имрӯзаи мо, шаҳрвандон, хосса ҷавонон ин аст, ки рамзи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиро гиромӣ дорем ва баҳри ҳамеша парафшон буданаш ҷаҳду талош намоем. Ҷавонон бояд ҳамеша зери ливои муқаддаси хеш муҳофизи манфиатҳои давлату миллати худ бошанд, ҳамеша аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошанд, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоянд», -таъкид намуд Абдулло Раҳмонзода.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






