Мурғоб — ноҳияе, ки симои он то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таври шинохтанашаванда тағйир меёбад

Ноябрь 5, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 05.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб сохтмони 107 иншооти тайъиноти гуногун идома дорад. То ин замон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақаи дурдасти ҷумҳурӣ 139 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи 267 миллион сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Мавриди ёдоварист, ки моҳи октябри соли равон дар маркази ноҳия – шаҳраки Мурғоб Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Истиқлол» ба истифода дода шуд. Барои бунёди боғи мазкур 546, 6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар он майдончаи бозии кӯдакона, курсиҳои нишаст, саҳна барои намоиши барномаҳои фарҳангӣ ҷой дода шудаанд.

Дар баробари ин, ҳамчунин дар ноҳия бинои нави Ҷамоати деҳоти Аличур, ки дар заминаи амалишавии Барномаи давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб бо тарҳи муосир сохта шудааст, мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур аз 8 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, дар он муосиртарин шароити корӣ барои кормандон муҳайё гардидааст.

Дар мавзеи Оқбалиқи деҳоти Аличур бошад меҳмонхонаи муосири «Истиқлол» ҳам мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он 7 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд.


Ёдовар мешавем, ки 18 августи соли равон дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баландии пояи Парчам 35 метр, андозаи он 12 метр ба 6 метр, баландии пояи нишон 22 метр ва андозаи доирааш 1,8 метр ба 1,8 метрро ташкил медиҳад. Ҳамзамон саҳни майдони мазкур дар масоҳати 1600 м2 бо тахтасангҳо ва 380 м2 бо сангҳои ороишии гранит ва мармар рӯйпӯш шуда, 30 чароғаки баландпоя васл шудааст. Инчунин атрофи майдон панҷарабандӣ гардида, дар ҳудудаш 14 курсӣ ва 8 қуттии партовҷамъкунӣ гузошта шудаанд.

Дар ин рўз ҳамчунин дар ноҳия Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Боғи мазкур бо мақсади баргузории барномаҳои фарҳангӣ, идҳои миллӣ, дигар тантанаҳои ҷашнӣ аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Масоҳати умумии боғ 2 гектарро ташкил дода, дар масоҳати 10 600 метри мураббаъ корҳои сабзазоркунӣ анҷом ёфта, 1700 бех дарахт шинонида шудааст. Ба масоҳати 800 метри мураббаъ роҳравҳо аз тахтасангҳо ороиш ёфта, барои равшанидиҳӣ чароғакҳои баландпоя насб гардидаанд.


Барои гузаронидани чорабиниҳо саҳна, дар масоҳати 150 метри мураббаъ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, дар масоҳати 150 метри мураббаъ майдончаи варзишӣ барои бозии баскетбол ва волейбол сохта шуда, қуттиҳои партовҷамъкунӣ ва ба миқдори муайян курсии берунӣ гузошта шуда, бо масоҳати 1100 метри мураббаъ атрофи боғ панҷарабандӣ гардидааст.

Дар Боғи 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани худшиносии сокинони ноҳияи Мурғоб ва фароғати сайёҳон портретҳои адибони тоҷик гузошта шуда, ҳамзамон расмҳои қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ ва таҷҳизот барои бозиҳои варзишӣ ва ҳайкалчаҳои ҳайвоноти сунъӣ гузошта шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти ин минтақаи дурдасти мамлакат, симои ноҳияи Мурғоб куллан дигар шуда, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ он ба таври шинохтанашаванда тағйир хоҳад ёфт.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 5, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби аҳолӣ беш аз 3 маротиба зиёд шудааст
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Парчами Тоҷикистон дар Рашт панҷ иншоот ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстӣ бо корҳои ободонию созандагӣ ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта шинос шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон 180 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Кувайт ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил гардиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд