Намояндаи Тоҷикистон ҷаласаи 18-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ дар Бокуро раисӣ намуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 18-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдо бо иштироки муовинони вазирон ва намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ки онро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода раисӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Аҳлиддин Нуриддинзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳамчун раиси Гурӯҳи корӣ оид ба корҳои иҷрогардида дар доираи СПЕКА, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СПЕКА, Стратегия оид ба содагардонии расмиёти савдои СПЕКА, тавсеа ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳо барои савдои устувор дар минтақа, таҳқиқот ва тавсияҳо вобаста ба монеаҳои ғайритарифӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи савдо муайян намуданд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дорад. Инчунин якчанд ҳуҷҷати стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии СПЕКА ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамоянд.
Иброз шуд, ки ҳамкории тиҷоратӣ бо давлатҳои аъзои СПЕКА марҳила ба марҳила дар ҳоли рушд қарор дорад, аз ҷумла гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва давлатҳои минтақаи СПЕКА дар нуҳ моҳи соли равон 26 фоизро ташкил дод.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласа аз ҷониби коршиносони ташкилоти байналмилалӣ вобаста ба мавзуъҳои баррасигардидаи чорабинӣ ва рушди робитаҳои минтақавӣ рӯнамоҳо пешниҳод шуданд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад ва ҷаласаҳои он ҳамасола дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои СПЕКА дар яке аз давлатҳои минтақа баргузор мегарданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 73 миллион доллар нахи пахта содирот гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон аз иқтисодиёти ба содироти ашёи хом такякунанда ба иқтисодиёти истеҳсолӣ қадам мегузорад»
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар саммитҳои ҷаҳонӣ дар Женева муаррифӣ шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Металлургияи миллӣ заминаи истиқлоли саноатии мамлакат аст»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон 191 корхонаи нави саноатӣ фаъол гардид
Вазорати кишоварзӣ: «Дар 75 795 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 71,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Металлургияи сиёҳ муҳаррики стратегии рушди давлат ва пояи устувори тараққиёти индустриалии ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 11,6 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба 44 давлати ҷаҳон молу маҳсулот содирот шудааст
Эмомалӣ Раҳмон: ««Комбинати металлургии Тоҷик» барои рушди металлургияи миллӣ замина мегузорад»
Аз Тоҷикистон 3,7 миллион дона тухм, 324,3 ҳазор сар чӯҷа ва 360 оилаи занбӯри асал содирот гардид






