Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Роҳи Абрешими Тифлис дар Гурҷистон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25-27 октябр Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Форуми Роҳи Абрешими Тифлис, ки дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи форум Сарвазири Ҷумҳурии Гурҷистон Иракли Гарибашвили, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов ва Сарвазири Черногория Дритан Абазович иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар форум намояндагони 63 давлати дунё дар ҳайати зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои мубрами минтақавӣ марбут ба иқтисодиёт, савдо, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ ва молиявӣ дар панелҳои алоҳида мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҳошияи Форуми Роҳи Абрешими Тифлис мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Бонки миллии Гурҷистон Натия Турнава доир гардид. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи судмандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, аз табодули таҷрибаи кунунӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар робита ба ин ҷонибҳо ҷиҳати баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Гурҷистон ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарият ва намояндагони ширкати технологии ҶДММ “Фина” баргузор гардид.
ҶДММ “Фина” яке аз ширкатҳои технологии Ҷумҳурии Гурҷистон дар самти технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб рафта, зиёда аз бист сол боз бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ҳамкории минбаъда дар самти автоматикунонии равандҳои тиҷоратии Бонки миллии Тоҷикистон, бештар такмил додани раванди ҷамъоварии ҳисоботи ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ, инчунин мувофиқкунонии он мавриди муҳокима қарор гирифт.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






