Намояндаи Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонии гидроэнергетикӣ дар Индонезия иштирок намуд

Ноябрь 3, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Балии Ҷумҳурии Индонезия Конгресси ҷаҳонии гидроэнергетикӣ доир гардид, ки дар он ҳайти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа роҳбарӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об.

Иттилоъ дода шуд, ки конгресси ҷаҳонӣ имкони муносиб барои он буд, ки чӣ тавр гидроэнергетикаи устувор метавонад барои таъмини амнияти энергетикӣ ва расидан ба сифри холиси глобалӣ (net zero) мусоидат намояд.

Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо изҳори умедворӣ намуд, ки Конгресси ҷаҳонии гидроэнергетикӣ метавонад форуми ҳамкорӣ бошад, то тавсеаҳои сиёсӣ таҳия ва сармоягузорӣ дар истифодаи энергияи обӣ барои иқтисодиёти устувори “сабз” афзоиш дода шавад.

Дар конгресси имсола тақрибан 1500 нафар аз давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ иштирок намуданд, ки мавзуи асосии он «Таъмини рушди устувор барои иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба тараққӣ» буд.

Ҳамзамон  31 октябр дар ҳошияи баргузории Конгресси ҷаҳонии гидроэнергетикӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа дар чорабинии канорӣ зери унвони «Таъмини гузариш ба энергияи тоза дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ» иштирок ва вобаста ба мавзуи чорабинӣ рӯнамо пешниҳод намуд.

Вазир вобаста ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон рушди ин соҳа, ҳадафҳои дар самти обу энергетика ва иқлим гузоштаи Ҳукумати Тоҷикистон, ташаббусҳои бозори минтақавии интиқоли неруи барқи Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ, Ғарбӣ ва минтақаи АвруОсиё, мушкилоту имконият ва татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва нақшавии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар чорчӯбаи Конгресси ҷаҳонии гидроэнергетикӣ бо Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо суҳбати кӯтоҳ намуда, миннатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ташкили чунин чорабинии бонуфузи энергетикӣ расонид.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад