Намояндаи Тоҷикистон дар намоиши маҳсулоти хӯроквории Ҳиндустон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон намоиши маҳсулоти хӯрокворӣ (Word Food India) баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоишгоҳ аз 3 то 5 ноябр бо иштироки намояндагони 50 мамлакати дунё баргузор шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар намоишгоҳ намояндагони 800 ширкати истеҳсолкунандаи маҳсулоти озуқаворӣ, техникаҳои кишоварзӣ, тақсимкунандагони маҳсулот, бунёдкунандагони сардхонаҳо ва инчунин ширкатҳои ҳамлу нақли Ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок намуда, молу маҳсулот ва хизматрасонии худро пешниҳод намуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд






