НОНИ ДУЮМ. Дар Душанбе Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он баргузор шуд

Ноябрь 26, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 26.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор гардид, ки дар он кишоварзони мамлакат навъҳои ин маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш бароварданд. Дар фестивал 400 тонна картошка барои фурӯш ба сокинон пешниҳод гардид. Инчунин аз ҷониби масъулони Вазорати кишоварзӣ хони бо таомҳои картошка ороста пешниҳод шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода фестивалро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки «Тоҷикистон то соли 2020 1 млн тонна картошка истеҳсол менамуд. Ин рақам соли 2021 ба 1 млн 20 ҳазор тонна расид. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол истеҳсоли картошка ба 1 млн 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад».

Мавсуф таъкид намуд, ки дар ҷамъбасти даҳмоҳаи соли 2023 саҳми кишоварзони мамлакат дар ММД 25 фоизро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 55 ҳазору 527 гектар картошка кишт шуд. То 1 ноябри соли равон 989 ҳазору 782 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 50 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисон, меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 кг аст.

Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (соли 2010), дар дунё 52 фоизи ҳосили картошка барои ғизои одамон, 34 фоиз барои хӯроки ҳайвонот, 10 фоиз барои тухмӣ ва қариб 4 фоиз барои истеҳсоли крахмал ва спирт сарф мегардад.

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.

Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.

Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси ин зироат дар он аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро он дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза менамояд. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуд ҳастанд, ба нест намудани радикалҳои озод мусоидат менамоянд ва он ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир мерасонад, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ месозад.

Картошкаи бухорӣ барои кам намудани вазн кумак менамояд. Аммо бисёр истеъмол намудани картошкаи бирён вазни инсонро бештар месозад. Зеро дар он миқдори зиёди чарбҳо ва карбогидратҳо мавҷуд мебошанд, ки ба афзоиши вазни бадан бурда мерасонанд. Картошка маҳсулоти арзишманде аст, ки аз микроэлементҳои барои бадани инсон муфид бой аст, аммо онҳоро бештар истеъмол намудан мумкин нест. Дар акси ҳол он метавонад ба саломатӣ таъсири манфӣ расонад.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамасола 30 май дар Перу Рӯзи миллии картошка (Dia Nacional de la Papa) ҷашн гирифта мешавад. Инчунин картошка дар ин кишвар мероси фарҳангӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад. Дар шаҳраки хурди Форт Фэрфилд дар ИМА аз 12 июл то 20 июл Фестивали гули картошка доир мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол соли дуюм аст, ки «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» доир гардид.

Шаҳлои САДРИДДИН,
Тоҳир САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 26, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид
Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 924,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
Соли 2025 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 13 феврал дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 10 миллиарду 740 миллион доллар расид