ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ ба муқобили дастаи Урдун бо либоси сафед ба майдон мебарояд
ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бар муқобили дастаи мунтахаби Урдун бо либоси сафед ба майдон мебарояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Имрӯз, 15 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулони бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа комиссари бозӣ Юен Мун-Чуен (Ҳонконг), нозири доварон Саъд Ал-Фадҳлӣ (Кувайт), намояндагони дастаҳо ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷамъомад масъалаҳои ташкилии вохӯрии дар пешистода муҳокима шуда, ҳамчунин ранги либоси футболбозон тасдиқ гардид.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон пагоҳ, 16 ноябр бо либоси сафед ва дастаи мунтахаби Урдун бо либоси сурх вориди майдон мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






