Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш дар Туркманистон соҳиби 2 медали биринҷӣ шуданд

Ноябрь 28, 2023 15:39

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Чемпионати 14-уми ҷаҳон оид ба кураш -2023 идома дорад, ки дар он 7 варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Тоҷикистонро дар рӯзи аввали мусобиқа   Ҳақназар Назаров, Фирдавс Насимов ва Хуршед Маҷидов намояндагӣ намуданд. Аз байни онҳо ба Фирдавс ва Хуршед муяссар шуд, ки медалҳои биринҷии мусобиқаро  сазовор гарданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паҳлавони дигари тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг дар даври аввал бар намояндаи Ироқ – Муҳаммад Кадҳим пирӯз гардида, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар даври дуюм Ҳақназар дар як рақобати  хеле мушкил  аз паҳлавони қирғиз Жамалбек Асюлбек Уулу ноком шуда, мусобиқаро бе натиҷа ҷамъбаст намуд.

Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Муҳаннад Аласмарӣ аз Арабистони Саудӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бар намояндаи Юнон — бо бартарии имтиёзи як чалла пирӯз шуда, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври ниманиҳоӣ Фирдавс аз намояндаи Узбекистон – Ҷамшед Маҳмадраҳимов мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Паҳлавони дигари  тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни ҷамъи 100 кг дар як рақобати  мушкил  бар Бекполот Тогтогонови қирғиз дар даври аввал зафар ёфта, ба даври дуюм баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Хуршед бар намояндаи Доминикан ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ Хуршед аз намояндаи Эрон – Абдулфаз Торобӣ мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Хотиррасон мешавем, ки   имрӯз,  28  ноябр мусобиқа дар шаҳри Ашқобод анҷом  меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро маротибаи аввал 7 паҳлавон аз риштаи кураш дар ин мусобиқаи бонуфуз намояндагӣ  намуданд.   Инҳо Муслимбек Каримов дар вазни то  60 кг, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг, Наврӯзи Каримзод  дар вазни то 73 кг  ва Мирзоҷамил Рамазонов  дар вазни то 81 кг мебошанд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 28, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд