Пагоҳ дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакон оғоз меёбанд

Ноябрь 19, 2023 10:14

ДУШАНБЕ, 19.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 30 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аз якунимсола то 5-солаи аҳолии мамлакат гузаронида мешаванд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» хабар доданд.

Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бо мақсади таъмин намудани амнияти солимии аҳолии мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда гузаронида мешаванд.

Бо ин мақсад 20 ноябр дар «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» ҳамоиш доир мегардад.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- устувор нигоҳ доштани масунияти кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи ваксинаҳо пешгиришаванда маҳсуб мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 19, 2023 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад