Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доираҳои тиҷоратии Русияро ба ҳамкорӣ дар коркарди захираҳои мамлакат даъват намуданд

Ноябрь 22, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас  аз мулоқоту музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ доираҳои тиҷоратии Русияро ба ҳамкорӣ дар коркарди захираҳои мамлакат даъват намуданд.

Сарвари давлат, аз ҷумла тазаккур доданд, ки дар Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, дорои захираҳои ҳаётан муҳими маъданию хом, ки имрӯз талаботи зиёд доранд, мебошанд.

«Мо аз доираҳои тиҷоратии Русия даъват ба амал меорем, ки дар коркарди ин захираҳо ҳамкорӣ намоянд. – иброз доштанд Пешвои миллат дар нишасти матбуотӣ. — Мо дурнамои ҳамкориро дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон муфассал баррасӣ намудем».

Таъкид гардид, ки ҳамкории мутақобила оид ба масъалаҳои барқарорсозии муштараки ҳудуди Тоҷикистон, ки дар гузашта истихроҷи уран дар онҷо ҷойгир буд, мусбат арзёбӣ шуд.

Гуфта шуд, ки шарики асосии ҷониби Тоҷикистон ширкати «Росатом» мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид