Сафири Тоҷикистон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Алан Берсе эътимоднома супорид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.
Зимни суҳбате, ки пас аз маросими супоридани эътимоднома баргузор гардид, ҳавасмандии ҷонибҳо ба муҳиммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария таъкид шуд.
Президенти Конфедератсияи Швейтсария ба сафири Тоҷикистон барои анҷоми фаъолияти пурсамари дипломатӣ комёбӣ орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки Шараф Шерализода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъйин гардида буд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария









Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд






