Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорон иштирок намуданд

Ноябрь 8, 2023 19:50

ДУШАНБЕ, 08.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид.

Чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида шуда, дар он ҳайатҳои ҳукуматии ду давлат ва доираи васеи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоишро барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкории судманди ду давлат муҳим арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои ин Ҳамоиш ба пешбурди ҳамкории дуҷонибаи давлатҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва тиҷорат мусоидати муассир хоҳанд намуд.

Таъкид гардид, ки масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз самтҳои муҳимми муносибатҳои ду давлат ба шумор мераванд.

Бо натиҷагирӣ аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду давлат то соли 2030” натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба масъалаи таъмин намудани пешрафти бахши хусусӣ тавассути ҷалби сармоя эътибори махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст.

Дар қонунгузории мамлакат барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳои зиёд ва кафолатҳои васеи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин тибқи қонунгузориҳои мамлакат, барои сармоягузорону соҳибкорон беш аз 240 номгӯйи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзу сабукиҳо дар самтҳои андозу гумрук пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосию стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат ва имкону захираҳои табии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, сарватҳои фаровони табиӣ, махсусан захираҳои обу маъданро муаррифӣ намуданд.

Президенти мамлакат таваҷҷуҳи иштирокчиёни Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эронро ба истифодаи босамари иқтидорҳои соҳаи гидроэнергетика ва сармоягузорӣ ба ин самт ҷалб намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво ҳамчунин оид ба зарфиятҳои мавҷудаи рушди “иқтисоди сабз”, густариши ҳамкории доираҳои соҳибкории ду давлат дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судовари саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Таъкид гардид, ки соҳаҳои номбаршуда ва дигар арсаҳои тиҷоративу иқтисодӣ метавонанд барои тавсеаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд заминаи муносиб бошанд.

Иштирок дар Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон 08.11.2023

Ноябрь 8, 2023 19:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51-и шаҳри Кӯлобро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд