«ШАҲОМАТИ РОҒУН». Маҷмуаи мақолаҳои кормандону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба ин иншооти аср ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. «Шаҳомати Роғун» — бо чунин унвон маҷмуаи мақолаҳои кормандону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба табъ расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ.
Гуфта мешавад, ки дар китоб натиҷаҳои боздид ва таассуроти ҳайати устодон ва кормандони донишгоҳ баъди сафари шиносоӣ ба НБО-и “Роғун” ба нашр расидааст.
Дар китоб 50 мавод аз устодони факултетҳои филология, журналистика, химия, биология, физика, таърих ва ғайра нашр шудааст.
Китоб аз 277 саҳифа иборат буда, бо забонҳои русиву англисӣ низ тарҷума шудааст. Инчунин дар маҷмуа аксу суратҳои гуногун нашр гардидаанд, ки ифодагари сафару мушоҳидаҳои устодони донишгоҳ ба иншооти сарнавиштсози миллат мебошанд.
Тавре дар муқаддимаи китоб дарҷ шудааст, «маҷмуаи «Шаҳомати Роғун» баёнгари садоқату муҳаббати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст.
Бояд тазаккур дод, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷумҳурӣ буда, ояндаи Тоҷикистонро пурнуру дурахшон менамояд. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ««Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».
Неругоҳ бо маҷмааи иншооти зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё мояи ифтихору сарфарозии мардуми тоҷик мебошад, зеро он барои садсолаҳо барои тоҷикистониёну минтақа бунёд ёфта, омили рушд ва боло рафтани сатҳи иқтисодиёти мамлакат, баланд гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некуаҳволии мардум мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид






