«ШАБЕ ДУР АЗ ВАТАН». Намоиши Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ гардид

Ноябрь 17, 2023 16:29

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар Ҷашнвораи IV байналмилалии театрии «Санъати театрӣ  дар марҳилаи хушбахтӣ», ки аз 14 то 16 ноябр дар шаҳри Ашқобод ва шаҳри Аркадаги Туркманистон баргузор шуд, бо намоиши «Шабе дур аз Ватан» иштирок намуд, ки он  аз ҷониби тамошобинон беҳтарин намоиши ин ҷашнвора ҳисобида шуд. Чунин иброз намуд директори театр Сӯҳроб Мирзоев ба АМИТ «Ховар».

Ҳамзамон дар  ҷашнвора гурӯҳҳои машҳури театрҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркия бо намоишҳои ҷолиб иштирок доштанд. Иштирокчиёни Ҷашнвораи байналмилалии театриро бо оғози кор Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов табрик намуд.

Мақсади асосии ҷашнвора мустаҳкам намудани робитаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи санъати театр, фароҳам овардани шароит барои амалӣ гардонидани барномаҳои муштарак байни гурӯҳҳои театрӣ, инчунин ҷалб намудани диққати театрҳо ба навъҳои замонавии раванди театрӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки «Шабе дур аз Ватан» аз намоишҳои маъруфи  Театри давлатии ҷавонон буда, онро коргардон Нозим Меликов аз рӯи асари шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир таҳия намудааст. Дар ин намоиш ҳунарпешагон Моҳпайкар Ёрова, Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақшҳои асосиро иҷро менамоянд.

«Шабе дур аз Ватан» аз ҷумлаи намоишҳое мебошад, ки то имрӯз дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалии театрӣ ва озмунҳо иштирок намуда, соҳиби дипломҳо ва ифтихорномаҳо гардидааст.

Ин намоиш аллакай дар Қазоқистон, Русия, Молдова, Қирғизистон ва Афғонистон манзури тамошобинон гардонида шудааст.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2023 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад