НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Дар соли 2024 барои идомаи корҳои сохтмонии он наздики 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст

Ноябрь 22, 2023 10:31

ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» 3,7 миллиард сомонӣ ва то 1 ноябри соли ҷорӣ барои иншооти мазкур аллакай 4,3 миллиард сомонӣ масраф шудааст. Дар буҷети соли 2024 аз ҳисоби маб­лағҳои мутамарказ 2,8 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ бошад, дар доираи 2,2 миллиард сомонӣ дар назар аст. Аз рӯйи нақша, атрофи 5 миллиард сомонӣ барои сохтмони неругоҳи «Роғун» дар соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки имрўзҳо ду агрегати неругоҳи «Роғун» фаъолият дошта, барои иқтисодиёти миллию аҳолии ҷумҳурӣ неруи барқ истеҳсол карда истодааст.

Тибқи иттилои масъулин, ҳарчанд обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳанӯз то ба охир бунёд наёфтааст ва фишори об ҳанӯз паст аст, дар неругоҳ то ин дам аллакай қариб 7 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол шудааст.

Барои муқоиса – дар як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ то 45-50 миллион киловатт/соат барқ истеҳсол мегардад. Барқи то имрӯз истеҳсолнамудаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» зиёда аз 1,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки он барои идомаи бунёди неругоҳ сарф мегардад. Аз ҳама муҳим он аст, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат ворид шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО-и «Роғун» ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуданд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми неругоҳи мазкур Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Дар ин лаҳзаҳои таърихӣ бо қаноатмандиву ифтихор иброз медорам, ки бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ҳамчун иншооти тақдирсоз натиҷаи орзуву омоли нек, азму иродаи қавӣ, дастгириву пуштибонии самимӣ ва саҳми ватандӯстонаи халқи шарафманди Тоҷикистон мебошад. Бо итминони комил изҳор менамоям, ки мо бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди тоҷик ва корномаи баҳодуронаи фарзандони бонангу номуси миллат дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созандаамонро амалӣ мегардонем. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри мо ба як давлати нерӯманду пешрафта ва Ватани маҳбуби тоҷикон ба мулки боз ҳам ободу осуда табдил меёбад».

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Роғун» 3600 (6х600) МВт буда, садди обанбор 335 м бардошта мешавад. Ҳаҷми умумии оби обанбор 13,3 километри мукааб ва ҳаҷми фоиданоки он 10,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод. Тибқи нақша, обанбор бояд дар давоми 15-17 сол аз об пур шавад. Барои баланд бардоштани садди обанбор, ки ҳаҷми пояи он 1,5 километрро ташкил медиҳад, қариб 81 миллион метри мукааб сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ истифода бурда мешавад. Сарбанди обанбор ба зилзила тобовар аст, чунки қишрҳои дар натиҷаи зилзила пайдошуда аз сангу шағал пур мешаванд ва он аз нав мустаҳкам мегардад. Пас аз пурра ба истифода додан аз ҳисоби фурӯши неруи барқ Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар як муддати кӯтоҳ хароҷоти пурраи сохтмонро мепӯшонад. Тибқи ҳисоби мутахассисони соҳа, арзиши аслии неруи барқи дар он тавлидшаванда арзонтарин дар ҷаҳон хоҳад буд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 22, 2023 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад