Сомон Турсунзода дар Чемпионати ҷаҳонии касбии ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло шуд

Ноябрь 3, 2023 11:39

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар Чемпионати ҷаҳонии касбии ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода хабар дод.

Сомон дар ин мусобиқа дар вазни 27 кг баромад намуда, ҳамаи рақибонашро мағлуб намуд ва мақоми аввалро сазовор гардид. Ба ифтихори Сомон Суруди миллӣ садо дода, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон боло бардошта шуд.

Сомон Турсунзода то рафтан ба марҳилаи ниҳоӣ бар варзишгари мизбон Султон Аҳмад Султон ғалаба намуд. Сипас варзишгари Ҷумҳурии Қазоқистон Султан Байсенро мағлуб намуда, унвони чемпиони ҷаҳонро дар намуди ҷиу-ҷитсу соҳиб шуд.

Хотиррасон менамоем, ки як моҳ пеш Сомон Турсунзода дар мусобиқаи «Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023» дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқа дар ду намуд, аз ҷумла ҷудо ва ҷиу-ҷитсу — грэпплинг баргузор шуд, ки дар он варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни то 30 кг ҳунарнамоӣ намуд. Ӯ ду рақиби худро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мағлуб намуда, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 3, 2023 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд