ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, якшанбе, 330-юмин рӯзи соли 2023 аст

Ноябрь 26, 2023 08:00

26 ноябри соли 2008 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар доираи баргузории ҳафтаи Аврупо дар  Тоҷикистон дар мавзуи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва афзалияти он дар Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид.

 ***

26 ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон барои асардуздӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ шуд.

 ***

26 ноябри соли 2014  дар шаҳри Душанбе  пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури сарони ду давлат Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расонида шуд.

***

26 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Чехия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ҷаласаи дурӯзаи Шурои роҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба танзими бозори қоғазҳои қиматноки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Женева масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ муҳокима гардид.

***

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон доир шуд.

***

 26 ноябри соли 2020 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Разаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

26 ноябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кори ҷаласаи панҷоҳусеюми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок намуданд.

***

26 ноябри соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аз ҷараёни рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса давоми 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти андешидани тадбирҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои байни ду давлат дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ дар Париж соли 2021 бадастомадаро таъкид намуданд.

 26 НОЯБР ТАҶЛИЛ  МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии иттилоот.

***

Дар Абхазия – Рӯзи модар.

 ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Тағоймурод Розиқов -соли 1946 — коргардон, ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998).

Ноябрь 26, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст