«ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН – 2023». Дар Душанбе 30 ширкати ватанӣ маҳсулоти худро пешниҳоди харидорон намуданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2023» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ ба кор оғоз намуд, ки дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта шудаанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар намоишгоҳ сокинон имкон доранд аз корхона ва ширкатҳои машҳури мамлакат, аз қабили «Сиёма», «Покиза», «Файзи Расул», «Шири Душанбе», «Молочная радость», «Баракат», «Беҳамто» ва ғайра орд, равған, биринҷ, макарон, маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла, гӯшти мурғ, навъҳои гуногуни ҳасиб ва ҳасибчаҳои хушмазза, маҳсулоти ширӣ, аз қабили шир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, қанду шоколад, пистаю бодом, мағзу мавиз, донагӣ, шириниҳои лазиз, афшураю шарбатҳои табиӣ, обҳои газнок, собуну шампунҳои хушбӯй, маводи шустушӯиву ороишӣ, мавод барои хона ва дорувориро бо нархҳои нисбатан дастрас харидорӣ намоянд.
Ҳамзамон дар намоишгоҳ телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак, кондитсионер, гармкунакҳои барқӣ, гӯштқимакунаку тафдон ва дигар намудҳои техникаи маишӣ аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолии «Artel» ва «Karcher» ба муштариён бо нархи яклухт пешниҳод мегарданд. Дар намоишгоҳ намудҳои дигари хизматрасонӣ низ пешкаш мешаванд.
Муовини Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Ҳайдар Раҷабов изҳор намуд, ки солҳои охир фаъолияти намоишгоҳӣ боз ҳам рушд менамояд ва иштироки соҳибкорону молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар онҳо боло меравад.
«Дар 10 моҳи сипаригардида бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ соҳибкорони мо дар зиёда аз 22 намоишгоҳи байналмилалӣ дар 11 давлати дунё иштирок намуда, молу маҳсулоти ватаниро муаррифӣ намуданд. То охири сол иштироки онҳо дар якчанд намоишгоҳи байналмилалии дигар дар назар дошта шудааст. Бо иштирок дар ин гуна чорабиниҳо онҳо имкон пайдо менамоянд, ки ҳам давлат ва ҳам маҳсулоти хушсифати ватаниро дар хориҷи мамлакат муаррифӣ намоянд»,-баён дошт намояндаи Палатаи савдо ва саноат.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» соли равон 10- солагии худро бо ифтихор таҷлил менамояд. Дар тӯли ин муддат лоиҳа беш аз 500 ширкати ватаниро ба мардум муаррифӣ намуда, дар шинохта шудани тамғаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва бою ғанӣ гаштани бозори истеъмолии мамлакат саҳми арзанда гузоштааст.
Роҳбари шуъбаи маркетингии ширкати «Молочная радость» Аюбҷон Аюбов иштироки молистеҳсолкунандагону соҳибкоронро дар ин гуна намоишгоҳҳо муҳим ва манфиатбахш арзёбӣ намуд. Ширкати онҳо давоми 25 соли фаъолияти худ дар бозори дохил ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густурда пеш мебарад. «Ҳоло зиёда аз 25 намуди маҳсулоти шириро ба бозори мамлакат пешкаш менамоем. Нархи маҳсулоте, ки имрӯз ба харидорон пешниҳод мегардад, нисбат ба бозору мағозаҳо нисбатан арзонтар аст. Берун аз мамлакат низ дар намоишгоҳҳои Русия, Узбекистон ва Туркия иштирок намудаем. Маҳсулоти ширкат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Мо ҳаракат менамоем, ки ҳарчӣ бештар маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол намуда, аҳолии мамлакатро бо маҳсулоти худӣ таъмин намоем»,-баён дошт ӯ.
Бо шарофати ин лоиҳа аксар ширкатҳое, ки қадамҳои нахустини худро бо «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» гузошта буданд, рушд намуданд ва имрӯз на танҳо дар дохил, балки берун аз марз низ шинохта шудаву маҳсулоти худро ба хориҷи мамлакат мебароранд.
Дар намоишгоҳ ширкати ватании «Мушки Сино», ки ба истеҳсоли атриёти ватанӣ машғул аст, иштирок дорад, ки маҳсули босифати корхона аз дигар молҳои хориҷӣ фарқият надорад. Директори генералии корхона Илҳомҷон Боев изҳор намуд, ки маҳсули онҳо аз гиёҳу растаниҳои дохили мамлакат истеҳсол гардида, дохили ҷумҳуриро бо атриёти хушбуву босифат таъмин менамояд.
«Дар айни замон ният дорем маҳсулоти худро ба берун аз ҷумҳурӣ низ содирот намоем. Барои мавқеъ пайдо намудан дар бозор бояд ҳам нарх ва ҳам сифат хуб бошад. Маҳсули мо ин ду хусусиятро доро мебошад. Дар сурати доштани ин хусусият ман боварии комил дорам, ки бо тамоми ширкатҳои бонуфузи Аврупо низ рақобат намуда метавонем»,-афзуд Директори генералии корхона.
Зимни ифтитоҳи намоиш-фурӯш иброз гардид, ки ширкати «Тайрон» бо мақсади дастгирии сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат Лоиҳа-озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд.
«Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» яке аз лоиҳаҳои муваффақи даврони истиқлол буда, ба намоиши муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст. Дар ин Лоиҳа-озмуни бонуфуз ҳамасола даҳҳо корхонаву ширкатҳои хурду бузурги мамлакат иштирок намуда, молу маҳсулот ва хизматрасонии гуногуни худро пешкаши доираи васеи истеъмолкунандагон месозанд.
Намоиш-фурӯш дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» то 4 ноябр идома меёбад. Сокинону меҳмонон имкон доранд молу маҳсули ватаниро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Эрон ҳамкориро дар соҳаҳои заминсозӣ тақвият медиҳанд
Дар доираи лоиҳаи «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ» ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе якчанд созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии рушд ба имзо расид
Намояндагони Тоҷикистон дар 11-умин Саммити ҷаҳонии ҳалол иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон кишти гандуми тирамоҳӣ идома дорад
Дар Данғара сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Себистон» идома дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна картошка истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ моҳ беш аз 14 ҳазор тонна ресмони пахтагин истеҳсол гардидааст
РАҚАМИКУНОНӢ-ВОСИТАИ МУАССИРИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. Андешаҳои оид ба имконият ва хавфҳои вобаста ба он
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024» қадрдонӣ гардиданд
Дар Душанбе Фестивали намоиш-фурӯши картошка баргузор гардид






