Вобаста ба нақши «Эъломияи Сиан» дар рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши илмии «Нақши «Эъломияи Сиан» дар рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин дар заминаи муносибатҳои шарикии стратегӣ» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод хабар доданд.
Дар айни замон Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши амалинамоии нақшаҳои иқтисодии Тоҷикистон буда, саҳми Чин дар татбиқи рушди низоми истеҳсолоти дохилии Тоҷикистон бориз мебошад.
Аз сӯи дигар, асоси муносибатҳои иқтисодии ду давлатро маблағгузориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахшҳои роҳсозӣ, саноати муштарак, бозори тиҷоратӣ ва монанди ин ташкил медиҳанд.
Ҳамоиш доираи зиёди олимону муҳаққиқони соҳаи иқтисодию сиёсӣ, донишҷӯёни бахши иқтисод ва муносибатҳои байналмилалиро фаро гирифт.
Дар ҳамоиш вобаста ба масъалаи мавриди назар дар доираи мавзуъҳои «Рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин дар доираи шарикии стратегӣ», «Асосҳои бунёдии рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин дар асри 21», «Эъломияи Сиан»- василае дар рушди равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Чин», «Тоҷикистон ва Чин: давлатҳои манфиатдори стратегияи «Як камарбанд, як роҳ», «Густариши муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин- василае дар рушду тавсияи иқтидори иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ» маъруза намуданд.
Ҳамоиш дар сатҳи баланд доир шуда, муносибатҳои солими дипломатии Тоҷикистон ва Чинро бозгӯӣ намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад






