«ЯК КАМАРБАНД — ЯК РОҲ». Ҳамкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишгоҳи педагогии Шэняни Чин тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба даҳсолаи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» дар Донишгоҳи педагогии Шэняни Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими расмии таъсиси Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё — Чин дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва санъат ва Форуми байналмилалӣ оид ба табодул ва ҳамомӯзиши тамаддуни Авруосиё баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар форуми байналмилалӣ зиёда аз 33 намояндаи донишгоҳ аз 8 давлат иштирок намуданд. Дар ҷаласаи пленарӣ ва кори форум Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро декани факултети ҳуқуқшиносӣ намояндагӣ намуд.
Ректори Донишгоҳи педагогии Шэнян, профессор Ян Сун меҳмонон ва иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, оид ба ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ва дар доираи ин таъсиси Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё — Чин дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва санъат сухан гуфт.
Иброз гардид, ки таъсиси ин алянс барои амалӣ намудани ҳамкории байналмилалии донишгоҳҳои аъзо, табодули академии донишҷӯён, баргузор намудани таҳқиқоти якҷояи омӯзгорон, рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дигарҳо нақши муҳим мебозад.
Баъдан намояндагони расмии шуъбаи маориф ва робитаҳои байналмилалии вилояти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин сухан гуфтанд.
Ҳамзамон маросими ба имзо расонидани оинномаи Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё — Чин дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва санъат баргузор гардид.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё — Чин эътироф ва пазируфта шуд, ки дар оянда барои ба амал баровардани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар донишгоҳҳои аъзои Алянс муфид хоҳад буд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






