Завқӣ Завқизода бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо масъалаи баргузории чорабиниҳои СПЕКА дар Тоҷикистонро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи ҷаласаи 18-уми Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) хонум Татяна Молчан доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар доираи СПЕКА, аз ҷумла вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои СПЕКА дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Завқӣ Завқизода барои ҳамкории мутақобилан судманд миннатдорӣ баён намуда, дархост намуд, ки дар масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, тиҷорати электронӣ, содагардонии расмиёти савдо, иқтисоди «сабз» ва дигар самтҳои афзалиятноки мавриди назар кумакҳои худро бештар намоянд, ки аз он ҷониб хуш пазируфта шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






