Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 4500 кило сим барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4500 кило сим барои бофтани кубҳои бетонӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани соҳили рӯдхонаҳои воқеъ дар манотиқи хатарнок дастрас намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкории судманди байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолии зарардида Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо тамоми шарикони рушд ба таври доимӣ ҳамкорӣ менамояд. Яке аз корҳои муҳим дар пешгирии офатҳои табиӣ анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мебошад.
Бо ин мақсад Кумита лоиҳаи начандон калонеро бо Агентии ҷопонии ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти соҳилмустаҳкамкунӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ амалӣ намуда, дар оянда низ бо ҳама шарикони байналмилалии рушд дар ин самт ҳамкорӣ менамояд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд






