Бахшида ба 95-солагии нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Саҳми Чингиз Айтматов дар инкишоф ва густариши робитаҳои дӯстии халқи тоҷику қирғиз назаррас буда, ҳамкории эҷодии ӯ бо як зумра намояндагони илм ва адабиёти тоҷик, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Акбар Турсун ва дигарон исботи ин гуфтаҳо аст.Чунин иброз дошт Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим имрӯз зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба 95-солагии нависандаи маъруфи қирғиз, арбоби давлатӣ ва дипломат Чингиз Айтматов, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Ҳамоиш бахшида ба 95-солагии нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов доир шуда, пеш аз оғози чорабинӣ дар саҳни китобхона аксҳо ва китобҳои Чингиз Айтматов ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамчунин филми кӯтоҳи мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ пешкаши ҳозирин гардид.
Дар оғози ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев иброз дошт, ки Чингиз Айтматов на танҳо нависандаи маҳбуби мамлакати худ, балки тамоми дунё буд. Асарҳои ӯ дар тамоми қитъаҳо машҳур буда, ба 186 забони ҷаҳон тарҷума шудаанд, ки мероси фарҳангӣ ва маънавии тамоми башарият мебошанд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иброз дошт, ки шахсияти нависандаи бузург Чингиз Айтматов ва эҷодиёти ӯ дар ҳаёти адабии Точикистон мавқеи махсусро ишғол менамоянд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, нависандагон ва тарҷумонҳои асарҳои Чингиз Айтматов ба забони точикӣ андешаҳои худро доир ба осор ва афкори ин нависандаи бузург изҳор доштанд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






