Бар асари тирпаронӣ дар Лас-Вегас се нафар ҳалок шуданд

Декабрь 7, 2023 17:23

ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи тирпаронӣ аз ҷониби нафари номаълум дар донишгоҳи Невадаи Лас-Вегас (ИМА) се нафар ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус хадамоти матбуоти полиси маҳаллӣ дар шабакаи иҷтимоии X (қаблан Twitter) хабар додааст.

«Тибқи маълумоти муфаттишон аз ҷойи ҳодиса, се нафар ҳалок шуда, як нафар зарардида дар беморхонаи маҳаллӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад», -омадааст дар изҳорот.

Қаблан иттилоъ расида буд, ки полис ҷасади гумонбарро низ пайдо намудааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 7, 2023 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд