Бунёди бинои баландошёна дастрасии сокинони шаҳри Хоруғро ба манзили истиқоматӣ осон мегардонад

Декабрь 8, 2023 16:32

ХОРУҒ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бунёди нахустин бинои 14-ошёна идома дошта, дар назар аст, ки тобистони соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Қабл аз ин чанд бинои 9 ва 12-ошёна ба истифода дода шуданд, аммо ин аввалин бино 14-ошёна аст.

Муовини Раиси шаҳри Хоруғ Файзулло Назархудозода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «бо мақсади  рушди инфрасохтори маркази маъмурии вилоят- шаҳри Хоруғ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони сохибистиклолии ҷумҳурӣ корҳои зиёди созандагию ободкорӣ анҷом дода, ба масъалаи бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудани сокинони шаҳр таваҷҷуҳи хосса равон намуд. Зеро аз аввали солҳои навадум то даҳаи аввали соли дуҳазорум шумораи сокинони дар навбати хона сабтшуда бамаротиб зиёд гардид, аммо Хоруғ як шаҳри хурди  камзамин аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳарчӣ бештари аҳолӣ бо хона биноҳои баландошёна бунёд менамояд. Яке аз чунин биноҳо, ки алҳол сохтмони он дар  сероҳаи хиёбони марказӣ идома дорад ва бояд тобистони соли оянда ба истифода дода шавад,  ин бинои 14-ошёнаи истиқоматӣ мебошад».

Сохтмони ин бино, ки бар уҳдаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помирсоз» гузошта шудааст, аз моҳи сентябри соли 2020-ум оғоз гардид ва ҳоло ба марҳилаи охири худ наздик аст. Бинокорон, ки шумораашон аз 50 нафар бештар аст, ҳоло  ба корҳои андовакунӣ ва ороиши дохили ҳуҷраҳо машғул мебошанд. Дар шаҳри Хоруғ ин нахустин бинои 14-ошёна аст, аз  ин рӯ ҳайати муҳандисон ва бинокорон талош меварзанд, ки биноро дар асоси риояи ҳамаи талаботи технологияи муҳандисию зилзилашиносӣ бунёд намоянд.

Ба гуфтаи сохмончиён, дар сохтмон бештар аз хишт истифода  шудааст, ки гармиро дар фасли зимистон ва баръакс, сардиро дар фасли гармо нигоҳ медорад. Дар шароити иқлими сарди вилоят барои ҳар сокини минтақа гармии хона аз ҳама  муҳим мебошад.

Ба гуфтаи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помирсоз», ин бино аз 140 хонаи як, ду ва сеҳуҷрадор иборат аст ва ҳамаи хонаҳо дар асоси меъёрҳои мутобиқ ба замони муосири сохтмонӣ сохта шудаанд. Бунёди ин бинои муосир дар доираи барномаҳои марҳилаи нави рушди вилоят сохта шуда, ҳадафи ниҳоии сохтмони он дастрасии аҳолӣ ба хонаҳои нави истиқоматии замонавӣ мебошад.

Бунёд гардидани чунин иншоот, ки ҳам дорои хонаҳои истиқоматӣ ва ҳам марказҳои хизматрасонӣ мебошанд, ба боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии сокинони шаҳр мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2023 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид